Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо мушовирони амниятиаш Сурияро баррасӣ мекунад


Кохи Сафеди Вашингтон мегӯяд, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо мушовирони амниятии худ тасмимҳои имконпазири баъдии Амрико барои Сурияро баррасӣ мекунад.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки тибқи гузоришҳо нируҳои ҳукуматии Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлае дар наздикии шаҳри Димишқ аз гази заҳрогин истифода карданд.

Як мақоми Кохи Сафеди Амрико дар эъломияе гуфт, ки дар маврди Сурия “як силсила роҳҳо вуҷуд дорад”. Ин мақоми расмӣ гуфт, Обама “аз маҳофили рӯшанфикр хостааст, ки дар бораи ин ҳамла шаҳодату далел гирдоварӣ кунанд”. Вай дар ин маврид ҳамлаи нируҳои Сурияро дар назар дорад, то собит шавад, ки нируҳои Сурия аз гази заҳрогин истифода кардаанд ё не.

Рӯзи ҷумъа Барак Обама дар як барномаи телевизионӣ зимни мусоҳиба бо шабакаи CNN гуфт, агар ин иддао таъйид шавад, дар он сурат чунин вазъ “таваҷҷуҳи Амрикоро ҷалб мекунад”.Нируҳои мухолифони Сурия мегӯянд, ки дар ин ҳамла аз 500 то 1300 нафар ҷон бохтаанд. Аммо ҳукумати Сурия ин иддаро рад мекунад. Телевизиони давлатии Сурия рӯзи шанбе шӯришиёнро муттаҳам кард, ки дар наздикии Димишқ ва Ҷубор аслиҳаи кимётро истифода бурдаанд.

Рӯзи шанбе Ангела Кейн-мудири бахши халъи силоҳи СММ вориди Димишқ шуд, то ба мақомоти Сурия фишор орад, ки барои расидагӣ ба вазъ ба бозрасони СММ иҷоза диҳад. Боздиди Кейн аз Сурия баъд аз он шурӯъ шуд, ки Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ҳам аз ҷониби ҳукумати Сурия ва ҳам аз мухолифони он тақозо кард, ки барои расидагӣ ба воқеияти истифодаи аслиҳаи кимёӣ дар ин ҳамла ба СММ кӯмак кунанд. Лаврент Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса таъкид кард, ки бозрасони СММ бояд ҳар чӣ зудтар ба маҳали ҳамла иҷоза дода шаванд ва санҷишҳои зарурӣ дар он ҷо анҷом бигирад:

“Ҳамаи маълумоте, ки дар ихтиёри мо қарор дорад, нишон медиҳад, ки дар Сурия дар наздикии Димишқ қатли оми кимёӣ сурат гирифтааст ва он нишон медиҳад, ки дар паси ин ҳамла режими Башор Асад қарор дорад”.

Британия низ мегӯяд, ки нируҳои вафодор ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия маъулияти ин ҳамлаи гузоришдодашударо бар дӯш доранд.
Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико изҳор доштааст, ки кишвараш омода кардани баъзе нируҳои дарёӣ ва баъзе васоити худро дар сурати гирифтани ҳар гуна тасмим роҷеъ ба амалиёти низомӣ дар Сурия оғоз кардааст. Ҳегел гуфт, президент Барак Обама аз Пентагон хостаааст, ки барои ҳали масъалаи Сурия омода шавад ва баъзе аз роҳҳои ҳали ин масъала “тақозо мекунад, ки нируҳои мо дар он ҷо мустақар шаванд”.
XS
SM
MD
LG