Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи низомии СПАД вазъи Осиёи Миёнаро баррасӣ кард


Рӯзи шанбе дар Маскав ҷаласаи Кумитаи низомии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар он руасои ситодҳои умумии нируҳои мусаллаҳи Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро баррасӣ карданд.

Дар ин ҷаласа роҳҳои такмили низоми идораи умури нируҳои мусаллаҳи муштарак яке аз масъалаҳои аслӣ буд. Онҳо дар бораи роҳҳои ҳали мушкилоти пешмеомада табодули назар карданд. Ин севвумин ҷаласаи ин гурӯҳ ё Кумитаи низомӣ дар чаҳорчӯбаи созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG