Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли оянда раҳпаймоӣ дар Сочи мамнӯъ мешавад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, тазоҳуроту гирдиҳамоиҳоро дар арафа ва ҳангоми бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочи мамнӯъ кардааст. Фармони Путин дар бораи андешидани чораҳои амниятӣ барои бозиҳои олимпӣ рӯзи ҷумъа дар “Российская Газета”, минбари расмии ҳукумати Русия нашр шуд ва дар он омадааст, ки тамоми “ҳамоишу раҳпаймоӣ ва тазоҳуроту таҷаммӯъ” дар Сочи аз 7 январи то 21 март мамнӯъ карда мешавад. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯзи 7 то 23 феврал ва бозиҳои паралимпӣ аз 7 то 16 март баргузор мешаванд. Теъдоде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, амри мазкурро ғайриқонунӣ хонда ва гуфтаанд, ки пулис метавонад, бо такя ба он ҳар навъ тазоҳуротро пароканда кунад. Ҳамҷинсгароён гуфтаанд, ки қасд доранд, дар шаҳри Сочи алайҳи қонун дар бораи манъи тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар Русия тазоҳурот баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG