Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳо баъди "бемаънитарин ғорат" дастгир шуданд


Cафорати Тоҷикистон дар Русия боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар ғорати чиноиҳо дар шаҳри Маскавро тайид кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як корманди масъули консулгарии сафорат айни ҳол бо масъулини полиси минтақаи ҷанубу шарқи Маскав гуфтугӯ мекунад, то ҳуввияти афроди боздоштшуда ва сабабҳои даст ба ғорат задани онҳо муқаррар шавад.

Расонаҳои Русия ин ҳодисаро “аблаҳонатарин ва бемаънитарин ғоратгарӣ” дар рӯзҳои ахир номидаанд, зеро аъзои гурӯҳ дар як ҳамлаи барқосо гурӯҳи чиноиҳоро ғорат намуданд ва аммо ҳангоми фирор борхалта бо 16 миллион рубли русиро дар мошини худашон фаромӯш карданд.

Рӯзи ҷумъа дафтари матбуоти раёсати вазорати умури дохилии Русия дар шаҳри Маскав хабар дод, ки корманди полиси пойтахт тайи як шабонарӯз ҳамлаи яғмогарона ба шаҳрвандони Чинро ошкор карданд. Чиноиҳо гуфтанд, ки ба онҳо сокинони Қафқози Шимолӣ ҳамла кардаанд ва аммо дар натиҷа – шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир шудаанд. Ба иттитлои дафтари матбуот, аъзои гурӯҳи ҷиноӣ шоми чаҳоршанбе дар хиёбони Волгоградский дар назди бинои 48 сӯи мошини Mercedes аз туфангча тир андохта, шишаҳои мошинро шикастанд ва аз ду шаҳрванди Чин борхалта бо пулро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Шаҳрвандони Чин ба кормандони полис гуфтанд, ки онҳо дар маркази тиҷоратии "Люблино" кор мекунанд ва ғоратгарон 16 миллион рубл пулро онҳо рабудаанд.

Ҳангоми амалиёти кормандони полис дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса мошини BMW, ки ғоратгарон тавассути он ҷойи ҳодисаро тарк карда буданд, ошкор шуд. Ба иттилои “Интерфакс”, кормандони полис аз мошин на фақат болғаҳо ва туфангчаи ИЖ, балки борхалта бо 16 миллион рублро ҳам пайдо намуданд.

Рӯзи панҷшанбе кормандони милиса ва ОМОН қабл аз парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав- Душанбе чаҳор нафари гумонбар дар ин ҳодисаро боздошт карданд. Ду узви дигари гурӯҳро дар манзили иҷорагирифтаашон дастгир намуданд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Айни ҳол даст доштани ин афрод дар дигар ҷиноятҳо тафтиш мешавад.

Муҳаммад Эгамзод аз рӯй додани ин ҳодиса изҳори тассуф кард ва афзуд, ки ин ҳодисаи шармовар шояд барои дигар муҳоҷирони тоҷики муқими Русия сабақ шавад. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, як сабаби рӯй додани ҳодисаи ғоратгарӣ – “ҷавон шудан”-и муҳоҷирати корист. “Бисёр ҷавонон ба Русия омада аз пайи дарёфти пули муфту осон мешаванд, бехабар аз он ки дар ҳама кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои камераҳои сабт гузошта шудааст, онҳо даст ба аъмоли ҷиноӣ мезананд ва табиист, ки зуд ошкору боздошт мешаванд”.

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, айни ҳол дар маҳбасҳои Русия шояд ҳудуди панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд ва шумораи ками онҳо бар пояи қонуни авф зиндонро тарк мекунанд, зеро бахши аъзамашон аз рӯи банди 228-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне, қочоқу фурӯши маводи мухаддир ба зиндон рафтаанд. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то имрӯз барои ғорату дуздӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ба гуфтаи дипломати тоҷик, хело кам аст.
XS
SM
MD
LG