Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон. Ҷазои додгоҳӣ барои шарҳ дар Facebook


Сафҳаи фейсбукии Микаел Толибов
Сафҳаи фейсбукии Микаел Толибов

Додгоҳи Боку як корбари Facebook-ро барои навиштаҳояш дар ин шабакаи иҷтимоӣ ба як соли кори ислоҳотӣ ва ҳам ҷарима маҳкум кард.

Баъд аз ихроҷ аз мақоми мутахассиси масоили қарз дар як бонки бонуфуз Микаел Толибов, сокини шаҳри Оҷакорони Озарбойҷон, ду соли тамом талош кард то аз тариқи додгоҳ ин тасмим лағв шавад. Ӯ дар ниҳоят хаста шуд ва ҳама дарду аламашро рӯи саҳифааш дар Facebook рехт – Микаел корфармои пешинаш AccessBank-ро дар фасоду баднафсӣ айбдор намуд.

Масъулони бонк аз ин навишта сахт ранҷиданд ва барои нахустин бор дар таърихи Озарбойҷон аз болои Микаел Толибов бар пояи банди нави Кодекси ҷиноӣ – “тӯҳмат аз тариқи расонаи электронӣ” ба додгоҳ шикоят бурданд. Рӯзи 14 август додгоҳ даъвои AccessBank-ро қонеъ кард - Толибов ба як соли корҳои ислоҳотӣ бо нигаҳ доштани 20 дар сади музди кораш маҳкум шуд.

Микаел Толибов мегӯяд, ӯ дар асл мунтазири ҷазои сангинтаре буд. Аммо ин ҳукми додгоҳ ҳадафи интиқоди шадиди Шӯрои Аврупо ва масъули бахши ҳуқуқи башар дар ин ниҳод Нелсон Мизникс қарор гирифт, ки изофа ба Қонуни ҷиноии Озарбойҷон – “тӯҳмат аз тариқи расонаи электрони”-ро “нақзи озодии баён” мехонанд.

Ҳамзамон бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар аз он нигаронанд, ки пушти аввалин иттиҳоми тӯҳмат тариқи расонаҳои электронӣ Бонки аврупоии бозсохт ва рушд нишастааст, муассисаи молиявие, ки барои дар кишварҳои намояндагӣ таъсис кардааш дифоъ намудан аз арзишҳои демократӣ ва озодии баён ӯҳдадор шудааст. Рашид Ҳаҷилӣ, вакили дифоъ ва раҳбари Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқҳои расонаҳои хабарӣ, мақараш дар Боку, ки дар додгоҳ аз Микаел Толибов дифоъ мекард, нақши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар ин қазияро “таассуфовар” мехонад ва мегӯяд, “мо дар Озарбойҷон мушкилоти бузург дорем. Аммо мардум дар ин ҷо ҳанӯз умедвор буданд, ки ин созмонҳои байнулмилалӣ аз ин иқдом кор намегиранд. Мутассифона, мо шоҳиди зарбаи маҳз ҳамин созмонҳо ба озодии баён шудем”.

AccessBank, ки аз соли 2002 ба ин сӯ дар Озарбойҷон фаъолият дорад ва худро “дастрастарин бонки аврупоӣ” муаррифӣ мекунад, тақрибан пурра аз сӯи саҳҳомони байнулмилалӣ идора мешавад. 20 дар сади саҳмияҳои ин бонк ба Бонки аврупоии бозсохт ва рушд тааллуқ доранд. Масъулини Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар Лондон ва Тифлис аз ташреҳи робитаашон бо парвандаи Микаел Толибов сарпечӣ карда гуфтанд, ки онҳо парвандаҳои алоҳидаро шарҳ намедиҳанд. Ин бонк аз шарҳи билофосилаи робитааш бо ниҳодҳои тасмимгиранда дар AccessBank ҳам худдорӣ кард. Бонки мазкур дар Шӯрои мудирони AccessBank намояндае надорад ва аммо гуфта мешавад, раиси AccessBank Майкл Хоффман аз ин пеш ҳафт сол дар Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд фаъолият мекард.

Коршиносон мегӯянд, ҳама гуна робитаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бо қазияи тӯҳмат дар расонаҳои электронӣ на фақат мухолифи ӯҳдадории ин ниҳоди молиявӣ барои пуштибонӣ аз озодии баён ва дигар арзишҳои демократӣ мебошад, балки нигоҳи воқеъбинонаи Ғарб ба мушкили ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон, кишвари саршор аз нафтро, зеро суол мебарад. Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, ки соли 1991 ба хотири рушди бахши хусусӣ дар кишварҳои сотсиалистии пешин таъсис шудааст, фақат ба Озарбойҷон ба маблағи як миллиарду 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Масъулони AccessBank дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо баъд аз он ба додгоҳ ариза навиштанд, ки Толибов аз лағви саҳифааш дар Facebook сарпечӣ кард. Ба гуфтаи онҳо, Микаел Толибов, ки барои бесабаб сари кор ҳозир нашудан ихроҷ шудааст, бо иттиҳоми дурӯғини фасод ба шаъни бонк латма задааст (зимнан, гузориши Толибовро дар Facebook ҳамагӣ 26 нафар писандидаанд).

Саҳифаи Микаел Толибов дар Facebook "AccessBank-Haqsizbank" ё “AccessBank-бонки беадолат” ном дорад ва дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, масъулини бонк аз ҳама касоне, ки беш аз 60 ҳазор доллар қарз гирифтанианд, даҳ дар сад ришват талаб мекунанд.

Моҳи майи соли равон парлумони Озарбойҷон ба қавонини ҷиноӣ банди нав - тӯҳмат аз тариқи расонаҳои электрониро изофа кард, ки муҷозоташ – 1200 доллар ҷарима ва шаш моҳи маҳбас муқаррар шудааст. Мухолифин вуруди ҷазои нав ба қонунро чун ҳушдор ба хабарнигорони сомонаҳои интернетӣ дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи октябри соли равон арзёбӣ намуданд. Илҳом Алиев, раисиҷумҳури феълии Озарбойҷон бори саввум дар ин маъракаи интихоботӣ ширкат мекунад, то курсии худро ҳифз намояд.
XS
SM
MD
LG