Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писториус дар куштори барқасдона айбдор мешавад


Қаҳрамони Бозиҳои паралимпӣ аз Африқои Ҷанубӣ Оскар Писториус дар куштори барқасдонаи дӯстдухтараш айбдор шуд. Қарор аст, ки мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин парванда дар додгоҳи шаҳри Претория 3 марти соли оянда шурӯъ шавад.

Писториус ҳангоми тафтишот иқрор кард, ки моҳи феврали соли равон сӯи дари ҳаммоми манзилаш чаҳор бор тир андохт ва бар асари ин дӯстдухтараш Рива Стинкамп ба ҳалокат расид. Аммо ӯ иттиҳоми куштори барқасдонаро қабул надорад ва мегӯяд, Риваро ҷинояткоре пиндоштааст, ки мехост вориди манзилаш шавад. Аммо додситон мутмаин аст, ки куштор баъд аз моҷаро миёни Оскар Писториус ва дӯстдухтараш ба вуқӯъ пайвастааст.

Оскар Писториус, варзишгаре, ки бо пойҳои сунъӣ дар қувваозмоиҳои давидан ширкат мекунанд, яке аз қаҳрамонҳои Бозиҳои Олимпӣ ва паралимпии соли 2012 дар Лондон буд.
XS
SM
MD
LG