Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Насрулло: "Лозим шавад, ба Сурия меравам"


Ҳасан Насрулло, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон, бомбгузории хунин дар шаҳри Бейрутро кори дасти суннимазҳабони тундрав хонд. Рӯзи панҷшанбе дар инфиҷоре дар як маҳаллаи умдатан шиъанишини ин шаҳр 22 нафар кушта шуданд. Ҳасан Насрулло, рӯзи ҷумъа дар як суханронии телевизионӣ гуфт, бомбгузорӣ “ба эҳтимоли ғолиб” кори дасти гурӯҳҳои “такфирӣ” аст, ки ишораи ӯ ба тундравони суннимазҳаб мебошад. Бар асари бомбгузорӣ ҳамчунин 300 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳасан Насрулло афзуд, чунин ҳамлаҳо азми Ҳизбуллоҳро барои ҷанг дар Сурия қотеътар мекунад ва агар лозим шавад, худаш ҳам ба онҷо хоҳад рафт. Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанг ба зидди шӯришиёни умдатан суннимазҳаб ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунад. Гуфта мешавад, дахолати ин созмон ба ҷанги Сурия танишҳои мазҳабӣ миёни сунниву шиъаҳои худи Лубнонро шиддат бахшидааст.
XS
SM
MD
LG