Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе муассисаи наве таъсис мекунанд


Шаҳдории Душанбе эълон кард, ки бо ҳадафи рушду густариши варзиш ва ҷалби бештари мардум ба ин арса, муассисаи наве таъсис медиҳад. Ба ин хотир Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қароре содир кардааст ва бар асоси он бояд дар пойтахт муассисаи давлатии “Нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавӣ” ва тобеъ ба ҳукумати шаҳр таъсис дода шавад. Дар матни қарори мазкур гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси муассиса ҳамчунин танзими фаъолияти иншооти варзишиест, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳр сохта шудаанд ва ҳам фароҳам овардани имконоту шароити комил барои камолоти варзишгарони касбӣ аз ҳисоби наврасону ҷавонон. Матни қарори мазкурро дар торнамои ҳукумати шаҳри нашр кардаанд.
XS
SM
MD
LG