Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср дар тазоҳуроти "ҷумъаи ғазаб" 12 нафар кушта шудаанд


Дар Миср дастикам 12 нафар кушта шудаанд. Ин дарҳолест, ки даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои Миср ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ихвонулмуслимини Миср аз ҷонибдорони худ хостанд, ки ба кӯчави хиёбонҳо бирезанд ва фазои тарсу ваҳшати бештарро ба бор оранд. Ин гурӯҳ дархост кард, ки чунин кор зери шиори “ҷумъаи ғазаб” анҷом бигирад. Ин дар ҳолест, ки манобеи расмӣ шумораи кушташудагонро бештар нишон додаанд ва мегӯянд, ки 620 нафар кушта шудаанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён мебошанд.

Дар бахши дипломатӣ талошҳо барои хотима додан ба нооромӣ идома дорад. Шӯрои Амнияти СММ аз Миср хостааст, ки “ҳадди аксар” хештандорӣ нишон диҳанд ва баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгаро “муросои миллӣ”-ро қабул кунанд.

Дар ин бора Шӯрои Амнияти СММ баъд аз ҷаласаи изтирории худ изҳороте пахш кард.
XS
SM
MD
LG