Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони тоҷик маризҳои насрониро парасторӣ хоҳанд кард?


Калисои православӣ ё ортодокси рус эълом дошт, ки мехоҳад муҳоҷиронро бо кор таъмин кунад.

Рӯҳониёни рус мутмаинанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз ӯҳдаи парастории маризон хуб мебароянд, аз ин рӯ ба онҳо дар пайдо кардани кор кӯмак хоҳанд кард. Епископ Пантелеимон, раҳбари бахши хайрия ва хадамоти иҷтимоии Калисои православии рус, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, на фақат муҳоҷирони насронӣ, балки пайравони дигар адён ва ҳатто атеистҳо ё даҳриҳо ҳам метавонанд ба кор ҷалб карда шаванд. Ӯ дар робита ба тарҳҳои бунёди имдодии “Милосердие” (“Шафқат”) афзуд, мо ба хоҳарони шафқат сахт ниёз дорем ва, мутаассифона, сокинони Маскав ин корро хуш надоранд ва бисёр парасторҳо аз дигар манотиқ ва ҳатто аз дигар кишварҳо меоянд”.

Бунёди “Милосердие” айни ҳол 23 тарҳи иҷтимоиро амалӣ мекунад, ки дар онҳо тақрибан 1500 ихтиёрӣ фаро гирифта шудааст. Ҳамарӯза аз кӯмаки кормандони бунёд беш аз сад нафар – ятимон, маъюбон, пиронсолони танҳову бекас, одамони бесарпаноҳ, мубталоён ба маризиҳои сангин ва дигар ниёзмандон бархурдор мешаванд. Беш аз 70 дар сади маблағи хадамот аз ҳисоби хайрияи афроди алоҳида ҷамъ меояд. Теъдоди ин афроди, ки онҳоро “дӯстони шафиқ” меноманд, без аз 3500 нафар аст. Ба иттилои рӯҳониён, соли гузашта бунёди “Милосердие” ба 42 ҳазору 660 нафар кӯмак кардааст.

Епископ мегӯяд, калисо тарҳеро мехоҳад роҳандозӣ намояд, ки тибқи он дар бемористонҳои назди ибодатгоҳҳо муҳоҷирони пайрави дигар динҳо ва афроди бедин зери назорати хоҳари шафқати насронӣ кор кунанд.Фақат мушкили феълӣ ин аст, ки алҳол “Милосердие” барои ин тарҳ маблағи зарурӣ дар ихтиёр надорад”, изҳор намуд епископ Пантелеимон.

Ба гуфтаи рӯҳонии рус, аз миёнаҳои моҳи июл онҳо ба омӯзиши забону фарҳанги рус ба муҳоҷирони корӣ шурӯъ карданд. Калисои православии рус ҳамроҳ бо Донишгоҳи дӯстии халқҳо ва дар ҳамкорӣ бо раёсати Хадамоти
Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов
федеролии муҳоҷират ва Маскаву созмони тоҷикистониёни Русия ба ин давраҳои омӯзишии вижа шаҳрвандони Тоҷикистонро фаро гирифтанд. Дар чаҳорчӯби давраи омӯзишӣ муҳоҷирон бояд бо асосҳои фарҳанги православӣ ва қонунҳои Русия ошно шаванд ва аз осорхонаҳои Маскав, аз ҷумла, Галереяи Третяков, дидан кунанд.

Абдулло Давлатов, раиси созмони тоҷикистониёни Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Калисои православии рус ба омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон баъд аз он таваҷҷӯҳ кард, ки онҳо баъди ҳатмӣ шудани имтиҳони забони русӣ барои хориҷиён дар яке аз донишгоҳҳои Маскав курсҳои ройгони омӯзиши ин забон барои муҳоҷирони тоҷикро роҳандозӣ карданд. “Баъд аз ин бунёди “Милосердие” ба мо тарҳи муштараки омӯзиши забони русӣ ва фарҳанги насронӣ барои муҳоҷиронро пешниҳод намуд ва барои пардохти маоши муаллимон изҳори омодагӣ кард. Аммо аз рӯзҳои аввал мо ба “Милосердие” таъкид кардем, ки дар курсҳо тарғиби дини насронӣ набошад ва фақат муҳоҷирон забони русиро омӯзанд. Онҳо дар посух гуфтанд, ки дини православӣ як бахши фарҳанги русҳост. Ман ҳам изҳор намудам, ки ислом низ як бахши фарҳанги Русия аст ва ба ин васила мо бо рӯҳониёни рус дар мавриди парҳез аз тарғиби дин ба созиш расидем”, мегӯяд Абдулло Давлатов.

Аммо, аз нигоҳи мусоҳиби мо, Калисои православии рус аз тарғиби дини насронӣ миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ даст набардоштааст ва дар баъзе минтақаҳо бо ширкати онҳо барномаҳоеро ба роҳ мондааст, ки ҳадафаш, қабл аз ҳама, тағйири дин кардани ин афрод мебошад. Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, қарор аст, ки солҳои наздик дар Маскав боз 250 калисо бунёд шавад, ҳамзамон шаҳрдорӣ сохтмони масҷидҳо дар мавзеъҳои Кузминки ва Митиноро манъ кард, ҳарчанд қаблан барои бунёди ин масҷидҳо расман иҷоза дода буд.

Имсол, ба иттилои хабаргузории РБК daily, Калисои православии рус китоби “Асосҳои забону адабиёти рус барои муҳоҷирон”-ро нашр кард. Дар ин китоб иттилоъ дар бораи динҳои асосӣ дар Русия ва арзишҳои таърихиву фарҳангии онҳо ҷой дода шудааст. Муаллифон ҳамчунин он бандҳои қонунгузории Русия дар бораи муҳоҷиратро овардаанд, ки “донистани онҳо барои ҳар нафари дар ҷустуҷӯи кор ба Русия омада ногузир аст”.
XS
SM
MD
LG