Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши об дар Душанбе. Об бояд фурӯхта шавад ё не?


Дар поёни ҳафтаи ҷорӣ барои ширкат дар конфронси байналмиллалӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи об вуруди меҳмонони хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ба Душанбе оғоз мешавад.

Ин ҳамоишро Тоҷикистон зери назари СММ баргузор мекунад ва созмондиҳандагони он мегӯянд, ки тақрибан ҳазор нафар ширкаткунандаро интизоранд. Конфронс рӯзҳои 20-21 август баргузор мешавад. Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки ширкати ҳайати расмии Узбакистон дар ин ҳамоиш муҳим ба назар мерасад, зеро дар масъалаи истифодаи оби минтақа ин кишвар дидгоҳҳои худро дорад ва ин ақидаҳо набояд аз мадди назари коршиносони байналмиллалӣ, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд, дур бимонад.

Манобеи наздик ба ҳукумати Узбакистон мегӯянд, ки даъватномаи конфронси байналмиллалии обро дар сатҳи олӣ дар Тошканд баррасӣ мекунанд ва ин имкон истисно нест, ки Узбакистон ба ин конфронс як ҳайати ҳукуматиро бифиристад. Аммо пешбинӣ мешавад, ки дар сурати ширкат ҳайати Узбакистон дар конфронси Душанбе нуқтаи назари худро роҷеъ ба масъалаҳои об изҳор нахоҳад дошт. Ин бад-он маъност, ки ҳайати Узбакистон ҳатто дар сурати ширкат мавзеъгирии худро дар кори конфронс ошкор нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин гурӯҳи коршиносон аз Узбакистон дар ҳамоиши об дар Душанбе ширкат хоҳад кард.

Фарҳод Толибов, коршиноси Узбакистон дар умури ҳамгироӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд: “Барои Узбакистон ин конфронс нисбат ба дигар кишварҳои минтақа муҳимтар аст, зеро Узбакистон дар иҳотаи кишварҳои дигари минтақа қарор дорад ва мавзеъгирии Узбакистон дар ҳали масоили об муҳим ба назар мерасад. Ба ҳамин сабаб Узбакистон набояд аз масъалаҳои ҷиддии минтақавӣ, ки обистани ҳар гуна нигаронист, худро канор бигирад, балки бояд дар мубоҳисоту баррасиҳо ширкат кунад ва нишон диҳад, ки омодаи ҳар гуна тамосу ҳамкорӣ дар ин замина мебошад”.

Масъулияти омодагӣ ба кори конфронсро аз ҷониби Тоҷикистон Султон Раҳимов, муовини аввали вазири обу обёрии Тоҷикистон бар уҳда дорад. Вай мегӯяд, ки конфронси об дар Душанбе як ҳамоиши боз аст ва ба ҳамаи кишварҳои узви СММ даъватнома фиристода шудааст. Узбакистон аз ҷумлаи ин кишварҳост. Вай мегӯяд: “То оғози конфронс ҳоло чанд рӯзи дигар ҳаст ва мо умед мебандем, ки кишвари ҳамсоя низ ширкати худро тасдиқ мекунад. Ба ҳар сурат ширкати коршиносони Узбакистон гувоҳи он аст, ки назари коршиносон аз номи кишварҳои минтақа пешниҳод хоҳад шуд”.

Ҳоло тақрибан ҳазор нафар ширкати худро дар ин конфронс таъйид кардаанд. Аз ҷумла ҳайатҳои расмии тақрибан 70 кишвар, намояндагони тақрибан 60 созмони байналмиллаливу минтақаӣ ширкат мекунанд. 7 нафар аз муовинони Дабири Кулли СММ изҳор доштаанд, ки барои ширкат дар кори конфронс ба Душанбе меоянд.

Аз Афғонистон барои ширкат раиси ҷумҳур ва аз Қирғизистону Таиланд ва Мозамбику Буркино Фасо нахуствазирон ва аз 20 кишвари дигар вазирон ташриф хоҳанд овард.

Бо назардошти ин, ки Узбакистон кишвари аслии истеъмолкунандаи оби минтақа ба шумор меравад, Фарҳод Толибов, коршиноси минтақаӣ дар Тошканд ширкати кишвараш дар ин ҳамоишро барои ҳали ихтилофоти минтақаӣ дар масъалаи об ва фароҳам овардани заминаҳои ҳусни тафоҳум муфид медонад: “Чунин тадобир кӯмак мекунанд, ки самимият ба вуҷуд ояд, ихтилофи назарҳо камтар шавад, чунки хоҳем ё нахоҳем имрӯз ё пагоҳ ин масъала бояд ҳал шавад. Ин масъала набояд дар ин ҳолати яхбастае, ки ҳоло вуҷуд дорад, боқӣ бимонад”.

Конфронси Душанбе ба баҳсҳо роҷеъ ба оби минтақа нуқта нахоҳад гузошт ва ин масъулиятро низ надорад, вале бо назардошти савияву сатҳи ҳайатҳои расмӣ ва коршиносон мумкин аст роҳҳои ҳалли баҳсҳо роҷеъ ба мушкили истифодаи захоири обии минтақа пешниҳод шавад. Дар поёни кори конфронс ширкаткунандагон роҷеъ ба натиҷаҳои он, дурнамои ҳали масоили энержӣ ва истифодаи об дар минтақа бо номи Эъломияи Душанбе санаде ба тасвиб хоҳанд расонд.

Султон Раҳимов, яке аз масъулони баргузории ин конфронс аз ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, конфронс рӯзҳои 20 ва 21 август дар Душанбе баргузор мешавад, вале 23 август ба меҳмонони конфронс имкон фароҳам меоранд, то онҳо дар минтақаҳо бо захоири обии Тоҷикистон ва нируҳгоҳҳои барқи обии ин кишвар ошно шаванд.

Ҳакмчунин интизор меравад, ки дар ҳошияи кори конфронс ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои муҳими байналмиллалӣ бо мақомоти раҳбарии Тоҷикистон мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG