Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Тоҷикистон вакили пешини порламонро раҳо кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон Сайвали Узбеков-вакили пешини порламони Тоҷикистон ва муовини пешини раиси вилояти Хатлонро, бино бар "гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ" аз зиндон раҳо кард.

Сайвалӣ Узбеков аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон баро фурӯши ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо ва тасарруфи моликияти давлатӣ ба андозаи махсусан калон муттаҳам дониста мешуд.

Насим Холмуродов-корманди Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон 12-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Сайвалӣ Узбеков «бо моддаи 289- и кодекси ҷиноӣ, ки ба қочоқ марбут аст ва ва бо моддаи 245-и ҳамин кодекс, яъне тасарруфи моликият ба миқдори махсусан калон айбдор дониста мешуд, ки бо сабаби гузаштани мӯҳлати ҷавобгарӣ озод карда шуд.»
XS
SM
MD
LG