Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукути мақомот дар бораи сабаби дастнорасии шабакаи Ютюб


Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон то ҳоло, пас аз ду ҳафтаи муроҷиати ширкатҳои интернетрасон, сабаби баста будани шабакаи Ютюбро шарҳ надодааст.

Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет ё ISPA мегӯяд, беш аз ду ҳафта пеш бар пояи ноқаноатмандии корбарони Интернет аз дастнорас будани шабакаи Ютюб бо номаи расмие ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, то ҳол дар ин зимн посухе дарёфт накардааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба чунин муроҷиатҳо посухи зуд медод ва сабаби баста будани ин ё он торнаморо эълон мекард.

Раҳбари Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет, Асомиддин Атоев, рӯзи 12 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ғайр аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон нусхаи муроҷиат ба Шурои ТИК-и назди президенти Тоҷикистон низ фиристотда шуда, вале ҳеҷ кадоме аз ин ду ниҳод ба номаи расмӣ посух надодаанд. Вай афзуд, ҳарчанд шабакаи Ютюб аз тариқи баъзе ширкатҳои фароҳамовари интернет дастрас аст, аксари чунин ширкатҳо аз баста будани он хабар додаанд.

Дар номаи Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет зикр шудааст, ки бо назардошти моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доштани сомонаи Ютюб ва нақши он дар таҳкими ҷойгоҳи сегменти тоҷикии интернет ва мавқеи Тоҷикистон дар бозори телекомуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ бояд дастрасии ба ин шабакаи табодулаи наворҳои видеоӣ аз тарики ҳамаи фароҳамкунандагони робитаи интернетӣ имконпазир гардад.

Дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ, намояндаи дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки номаи Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет мавриди баррасӣ қарор дошта, барои посухи дақиқ ба он натиҷагирии чанд шуъбаи алоҳидаи ин хадамот зарур аст ва ҳоло на ҳамаи онҳо назари худро баён кардаанд. Намояндаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, аз эҳтимол дур нест, посух ба Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет то поёни ҳамин рӯз маълум гардад.

Номаи Анҷумани Хадамоти Дастраскунандагони Интернет рӯзи 30-юми июли соли равон ба унвони Хадамоти алоқа ва Шурои технологии информатсионию коммуникатсионии назди президенти Тоҷикистон ирсол ёфта, дар он изҳори умедворӣ шудааст,ки ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷиву фаромиллии фанновариҳои иттилоотӣ мояи афзудани маводи дохилӣ дар махзанҳои интернетӣ ва каналҳои фаромаҷроӣ (broadbаnd) хоҳад гашт.

Ин муроҷиат дар ҳоле сурат гирифт, ки сар аз аввалҳои моҳи июл дастрасӣ ба шабакаи You tube дар Тоҷикистон маҳдуд шуд. Чанде аз нашрияҳо, аз ҷумла маҷаллаи бонуфузи "Экономист" навиштанд, Ютюб дар Тоҷикистон баъд аз он баста шуд, ки дар он наворҳои арӯсии писари раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва рақсу сурудхонии ӯ пахш шуданд. Пештар ин наворҳо дар телевизиони К + бо шарҳи раҳбари созмони "Ватандор" Додоҷони Атовулло нашр шуда, дар миёни аҳолӣ ва нашрияҳои Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ба бор оварданд.
XS
SM
MD
LG