Дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар ҷануби Яман ду ҷангҷӯи Ал-Қоида кушта ва ду тани дигарашон захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи шанбе дар вилояти Лаҳҷ сурат гирифт. Аз рӯзи 27 июл то кунун дар маҷмӯъ ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико бо 9 ҳамла дар Яман 38 ситезаҷӯ, аз ҷумла ҳафт шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва бомбсозони Ал-Қоида аз Покистонро куштаанд. Чанд рӯз пеш аз ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бинобар мулоҳизоти амниятӣ ва гузоришҳо доир ба хатари эҳтимолии амалҳои террористӣ аз тарафи Ал-Қоида дипломатҳояшро аз Яман хориҷ кард. Дар маҷмӯъ 18 намояндагии дипломатии Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқоро бастанд ва қарор аст, аксари онҳо рӯзи якшанбе ба кор шурӯъ кунанд. Танҳо сафорати Амрико дар Яман ва консулгариаш дар шаҳри Лоҳури Покистон баста мемонанд.