Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Бишкек бо Рӯҳонӣ вомехӯрад


 Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ
Президенти Русия Владимир Путин 13-уми сентябр дар Бишкек барои аввалин бор бо президенти тозаинтихобшудаи Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вомехӯрад.

Рӯзи ҷумъа ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар Маскав гуфт, ки мулоқоти Путину Рӯҳонӣ дар ҳошияи нишасти раҳбарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шангҳай доир мешавад.

Ахиран Кремл хабарҳо дар бораи мулоқоти Путин бо Рӯҳониро, ки гӯё моҳи август дар Теҳрон ба нақша гирифта шуда буд, беасос номид.
XS
SM
MD
LG