Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши наве дар бораи Ал-Қоида нашр шуд


Гурӯҳи коршиносон рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфтаанд, ки созмони террористии Ал-қоида ҳамчунон як хатари дар ҳоли таҳаввул боқӣ мемонад. Дар ин гузориш, омадааст, ки Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари нави Ал-қоида дар таҷдиди раҳбарияти аслии созмон дар Покистон ба шикаст рӯ ба рӯ шудааст ва саъй дорад, шохаҳои парокандаи онро ба ҳам оварад. Коршиносон дар ин гузориш ба Шӯрои Амният гуфтаанд, ки созмонҳои вобастаи Ал-Қоида бо тактикҳои хоси худ дар ҷустӯҷуи ҳадафҳои нав ҳастанд ва қодиранд, ҳамлаҳои маргборе анҷом диҳанд. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки Ал-қоида ва шариконаш назар ба гузашта, гуногуншаклу мутаннавеъ ҳастанд ва ягона омили ваҳдати онҳо идеологияи бепоя ва тааҳҳуд ба хушунату терроризм аст.
XS
SM
MD
LG