Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми идонаи Обама ба мардуми мусалмони ҷаҳон


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба муносибати фаро расидани Иди Фитр ё Иди Рамазон ба ҳамаи мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон паёми шодбош фиристод.

Дар паёми Обама омадааст: “Ман ва Мишел самимонатарин табрикоти худро ба мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон мефиристем. Дар давоми як моҳи гузашта мусулмонон ба фаризаи мазҳабии худ эҳтиром гузоштанд, дуо мекарданд, рӯза мегирифтанд ва бо бастагони худ буданд”.

Дар ин паёми шодбош Обама меафзояд, “дар ифтори соли ҷорӣ дар Кохи Сафед ман ифтихор доштам, ки бо базе аз мусулмонони сершумори Амрико биншинам, бо ононе, ки дар таъмини демократия ва таҳкими иқтисоди мо саҳм мегиранд”.

Дар ин паём омадааст, дар ҳоле, ки бисёриҳо имкони адои маносики мазҳабии худро доштанд, баъзеҳо аз он маҳрум буданд. Обама мисол меорад, ки миллионҳо нафар аҳолии беҷошудаи Сурия моҳи шарифи Рамазонро дур аз хонаҳои худ ва ҷудо аз хешовандонашон гузарониданд. Барои кӯмак ба бисёре аз мардуми Сурия дар рӯзи Иди Фитр Амрико ба таври иловагӣ барои маводи ғизоӣ ва кӯмакҳои дигари башарӣ 195 доллар ҷудо кард ва бад-ин тариқ арзиши кӯмакҳои башардӯстонаи Амрико ба мардуми Сурия аз оғози нооромиҳо дар ин кишвар ба беш аз як миллиард доллар расид.

Обама мегӯяд, барои миллионҳо нафар амрикоиҳо Иди Рамазон чун нақше дар қолини мунаққаши анъанаҳои рангоранги Амрико мебошад. Вай ба ҳамаи мусулмонон иди хуҷаставу шод орзу кардааст.
XS
SM
MD
LG