Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама моҳи сентябр бо Путин мулоқот нахоҳад кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мулоқоти як ба яки худро бо Владимир Путин, ки барои моҳи сентябр барномарезӣ шуда буд, бекор кард. Рӯзи чаҳоршанбе Кохи Сафед эълон кард, ки тасмими ҳафтаи гузаштаи Русия дар бораи додани паноҳгоҳи муваққатӣ ба Эдвард Сновден-ифшогари барномаҳои назорати интернетии Амрико сабаб шудааст, ки муносибатҳои Русия ва Амрико бештар кашиш пайдо кунад.

Бо вуҷуди ин, Обама дар Санкт Петербург дар мулоқоти Ҷӣ 20 ё 20 кишвари санъатии ҷаҳон ширкат хоҳад кард. Кохи Кремли Маскав гуфтааст, ки аз ин тасмими Обама “нороҳат” шудааст. Қарор буд, ки Обама аз Маскав низ боздид кунад. Вале тасмими ахир гувоҳӣ медиҳад, ки Амрико ҳанӯз омода нест “бар асоси баробарӣ” муносиботи худро бо Русия пайрезӣ кунад.

Вашингтон мехоҳад, ки Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси Амнияти Миллии Амрикоро барои ҷосусӣ ба додгоҳ кашад, зеро вай барномаҳои зиёди назорат бар гуфтугӯҳои телефонӣ ва барномаҳои интернетиро ифшо кардааст.
XS
SM
MD
LG