Аз ин ба баъд ҳангоми сохтани биноҳои нав бояд назари сокинони атроф пурсида шавад. Чунин аст як нуктаи муҳими қароре ки ахиран шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев қабул кардааст. Эҳтимоли осеб ба сохтори инженерии биноҳои атроф дар сурати сохтани биноҳои ҷадид як далели таҳия ва тасвиби чунин қарори шаҳрдорӣ гуфта мешавад. Ҳафтаи гузашта ҳукумати пойтахти Тоҷикистон “Генплан” ё нақшаи умумии бозсозии шаҳрро тасдиқ карда буд, ки тахриби 34 бино дар маркази Душанбе, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, додситонии шаҳри Душанбе, «Тоҷиктелеком», сафорати Эрон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибековро дар назар дорад. Масъалаи "Генплан"-и Душанбе солҳо боз як мавзӯъи мояи ташвиш барои сокинони пойтахт ба шумор меравад. Сохтмон дар Душанбе асосан бар пояи Генпланест, ки ҳанӯз дар соли 1984 таҳия шуда буд. Феълан Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Гипрогори шаҳри Маскав машғули таҳияи "Генплан"-и нави пойтахти Тоҷикистон будааст.