Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои пинҳонии ҳукумати Карзай бо Толибон


Толибон бо намояндагони давлати Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар бораи оғози ибтикороти сулҳ машваратҳои пинҳонӣ анҷом медиҳанд. Намояндаи расмии Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ба бахши “Афғонистони Озод”-и радиои Озодӣ гуфт, ки чунин гуфтугӯҳо ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам дар хориҷ аз он идома дорад.

Дафтари Толибон дар Доҳа-пойтахти Қатар низ ба хабаргузории Ройтерз ин гуна машваратҳоро таъйид кардааст. Музокирот бо ширкати Амрико дар бораи хатми ҷанги 12 сола дар Афғонистон баъд аз гушоиши дафтари Толибон дар Доҳа ба нақша гирифта шуда буд. Ин дафтар моҳи июни соли ҷорӣ боз шуд.

Баъд аз интиқоди Ҳомид Карзай аз Толибон, ки дар дафтари худ рамзҳо ва байрақи дигарро истифода карданд, ин музокирот ба таъхир афтод. Ин байрақу рамзҳоро Толибон дар солҳои ҳокимияти худ дар Кобул истифода мекарданд.
XS
SM
MD
LG