Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақиқати боздоштҳои Маскав: Ҳуҷҷат дорӣ - 500 рубл, надорӣ - 1000


Акс аз амалиёти рӯзи 30 июл
Акс аз амалиёти рӯзи 30 июл

Як тоҷики муқими Маскав ба Озодӣ навишт, ки амалиёти ахири пулис дар бозорҳои пойтахти Русия амалан ба як манбаъи пулкоркунии ОМОН табдил ёфтааст.


Як рӯз аз хаёти муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав,

ё чигуна сандуқи "сеҳрнок"-и пул барои ОМОН кушода шуд?

Дина ҳавои Маскав ҳамчун дили "омон"-ҳои инҷо хираву дилгиркунанда буд.
Баъди ҳодисаҳои ба ҳамаи мо маълум - латукӯби афсари пулис аз сӯи гурӯҳи доғистониҳо ва амалиёти қасоси пулиси Маскав дар бозорҳо - ҳоли муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав рӯз аз рӯз бадтар шуда истодааст.

Дирӯз хостам барои хона 10-12 кило сабзиву картошкаю пиёз харам ва хостам ба ягон супермаркети дар сари роҳ буда дароям, аммо ҳамсарам маслиҳат дод, ки сабзавоти магазин қимат ва бисёраш пӯсидагӣ аст ва бехтар мешуд, ки ба бозори сари роҳ дароем. Ин бозори меваю сабзавотфурӯшии дар шоҳроҳи Дмитровское асосан байни 3 гурӯҳи қавмӣ таксим шудааст:

1.Савдогарон аз Доғистон
2.Савдогарони Озарбойҷон ва
3.Коргарон (грузчикҳо) ва занҳои сортировкачӣ аз Тоҷикистон.

Вақте ба бозор наздик шудам посбонҳояш пеши роҳамро гирифта гуфтанд, ки имрӯз мошин бисёр ва дохил шудан ба дохили бозор мумкин нест ( инҷо ҳаққи дохилшавӣ ба территорияи бозор бо мошини то 2.5 тонна 50 рубл аст). Ва ман маҷбур шудам, ки мошинро дар кӯча монда, пиёда бозор дароям. Дохили бозор шуда, чанд бачаҳои тоҷикро, ки онҷо кор мекунанд, дидам ва бо онҳо қариб 15 дақиқа сӯҳбат кардам. Ҳамсарам ки дар дохили мошин дар кӯча монда буд, занг зад ва хабар дод, ки 2 автозаки полис дохили бозор шуд.

Ман чӣ будани вазъиятро фаҳмида, то тавонистам, ба бачаҳои гирду атроф ин хабарро расонидаму ба гуфти узбакҳо, "қочмаган номард" гуфта (хайр, кӣ мехоҳад бекора шатта хӯрдану бо либосхои тоза ба замин хоб карданро?) аз болои девори қафои бозор худро ба берун партофта, через мусоркаю партовҳои бозор ба кӯча баромадам. То пеши мошин рафта, занамро ҳақорат кардам, ки вай маслиҳат дод, то ин бозор биёем.

Аз инҷо рафтам ба сӯи наздиктарин супермаркети «Ашан». Мехостам 10-12 кг сабзавот харам. Чолу кампир сари 4000 рублро хӯрда, аз «Ашан» баромадем.

Хайр акнун меоем ба сари масъалаи асосӣ, аниқтараш дар бораи бозоре ки ман аз ОМОНҳои Маскав ба зӯрӣ гурехта, халос шудам. Онҷо чӣ гап шуд?

Мо дар «Ашан» қариб 3 соат гаштем ва вақте ки аз магазин баромадам, ба он бачаҳое, ки дар бозор дида будам, занг задам ва хостам фаҳмам, ки чӣ гап шуд? Аз рӯи нақли онҳо, дар вақти операцияи "декриминализация рынков" ҳамаи касоне ки симои ғайриславянӣ ё ин ки "нерусский" доштанд, новобаста аз он ки ҳуҷҷат доштанд ё не, ба автобусҳо маҳкам карданд. Баъд оҳиста-оҳиста аз касоне ки ҳуҷҷатхояшон сад фоиз буд, 500-рублӣ, аз касоне ки ҳуҷҷат надоранд, 1000-рублӣ гирифта ҷавоб додаанд...

Ҳисоб кунед, дар Маскав чанд бозор аст ва чӣ қадар муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд?.. Чанд сӯм мешавад?.. Калкулятор тиям-мӣ??..

Хулоса! - Ана ин аст операцияи "декриминализация московских рынков"!

http://www.mk.ru/specprojects/free-theme/article/2013/07/31/892768-myi-krutyie-bazara-net.html


Диловар аз Маскав
XS
SM
MD
LG