Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи ҳукми "Эргенекон" пароканда карда шуд


Кормандони полиси Туркия ба хотири парокандасозии эътирозгарони ҷавон дар мавзеи Силиврии воқеъ дар канори шаҳри Истамбул аз мошинҳои обпош ва тирҳои резинӣ истифода бурданд. Ҷавонон алайҳи ҳукми додгоҳ дар робита ба парвандаи “талоши табаддулоти давлатӣ” эътироз мекарданд.

Аз ин пештар дар додгоҳи Силиврӣ ҳукми муҷримон аз рӯи ин парванда эълон шуд. Раҳбари пешини Ситоди кулли артиши Туркия генерал Илкер Башбӯғ, раҳбари Ҳизби коргарӣ Доғу Перинчак, собиқ сухангӯи Калисои ортодокси Туркия Сэвгӣ Эренерол ва боз 12 нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ҳамаи онҳо дар ташкили созмони террористии “Эргенекон” айбдор шуданд, ки, ба иддаои тафтишот, ҳадафаш сарнагунсозии ҳукумати нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон буд.

Аз 275 нафаре, ки дар курсии айбдорӣ нишаста буданд, фақат 21 нафар комилан сафед карда шуданд.

Мухолифин аз ин мурофиаи додгоҳӣ, ки аз соли 2008 ба ин сӯ идома дошт, интиқод карда онро талоши бӯғисозии ҳама гуна нуктагирӣ аз ҳукумат номиданд.
XS
SM
MD
LG