Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Миср: "Фурсат барои миёнҷигарӣ кам аст"


Ҳукумати Миср мегӯяд, барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ки баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои кишвар сар зад, барои миёнҷигарӣ фурсат хоҳад дод. Аммо гуфтааст, ҳукумат бо идомаи тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ дар шаҳри Қоҳира фурсати зиёде барои ин миёнҷигарӣ боқӣ намондааст. Айни замон додгоҳи Қоҳира эълом кард, ки муҳокимаи раҳбар ва ду пешвои дигари созмони Ихвонулмуслин, то се ҳафтаи дигар шурӯъ мешавад. Ҳарсеи онҳоро ба барангехтани хунрезӣ дар тазоҳуроти қабл аз барканории Муҳаммад Мурсӣ дар рӯзи 3 июл муттаҳам мекунанд. Ин муҳокима метавонад, талошҳои фиристодагони хориҷӣ барои оғози муколамаи сиёсӣ дар Миср ва ташвиқи тарафҳои муқобил ба мусолиҳаро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Бино ба гузоришҳо, субҳи душанбе дипломатҳои кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ бо Хайрат ал-Шотир, муовини боздоштшудаи раҳбари Ихвонулмуслимин мулоқот кардаанд.
XS
SM
MD
LG