Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Рӯҳонӣ дар Теҳрон мулоқот кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соатҳои аввали вуруд ба Теҳрон бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон мулоқот кард. Дар ин бора торнамои раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин хабар омадааст, дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки дар оянда муносиботи миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва масоили энергетикӣ таваҷҷуҳ карданд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Ҷонибҳо дар бораи заминаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон сӯҳбат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасан Рӯҳониро барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард. Ҳасан Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфт ва таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.
XS
SM
MD
LG