Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Ҷалолобод 16 нафар ҷароҳат бардоштанд


Рӯзи якшанбе дар таркиши баме дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон 16 нафар маҷрӯҳ шуданд. Як рӯз пеш дар ин шаҳр ҳамлаи маргталабона низ сурат гирифта буд ва омилони он консулгарии Ҳиндустонро ҳадаф қарор дода буданд.

Маъсумхон Ҳошимӣ-мақоми маҳалии амниятӣ гуфт, ин бам дар маркази шаҳр замоне мунфаҷир шуд, ки аз он ҷо мошини Абдулқаюм-додситони давлатӣ рад мешуд.
Ба гуфтаи Ҳошимӣ, 3 нафар аз посбонони вай ва 12 нафар раҳгузарон дар ин инфиҷор ҷароҳҳат бардоштаанд. Дар миёни онҳо 3 зан ва кӯдакон низ будаанд.

Як рӯз пеш дар инфиҷори назди консулгарии Ҳиндустон дар Ҷалолобод 9 нафар ба қатл расиданд. Кормандони консулгарӣ дар инифҷор осеб надиданд. Масъулияти ин ҳодисаро касе бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG