Дар ин бора вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе хабар дод. Айни замон вазорат ба шаҳрвандони Амрико ҳушдор додааст, ки зимни сафар ба кишварҳои мусулмонӣ эҳтиёткор бошанд.
Мери Ҳарф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико доир ба хатароти мавҷуд чизе нагуфт, вале афзуд, ин тадбир бо "мулоҳизаҳои амниятӣ" андешида шуд. Рӯзи якшанбе дар кишварҳои исломӣ рӯзи корӣ аст ва сафорату намояндагиҳои хориҷӣ ҳам маъмулан кор мекунанд.
Дар ҳушдори тозаи вазорати умури хориҷӣ ба амрикоиён омадааст, мумкин аст, шабакаи Ал-Қоида ва шарикони он “аз ҳамин ҳол то охирҳои моҳи август барои анҷоми ҳамлаҳо талош кунанд”.
Дар ин ҳушдор омадааст, ки эҳтимоли ҳамалоти террористӣ бахусус дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо зиёд аст. Ҳушдори мазкур то рӯзи 31-уми август эътибор доштааст.
Аз ин қабл, дар моҳи сентябри соли гузашта ба дунболи ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Либия, Миср, Яман ва бархе дигар аз кишварҳои мусалмоннишин, Амрико ба шаҳрвандони худ дар бисёре аз кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла дар Тоҷикистон хоста буд, ки "ҳушёр бошанд".
Он замон ба дунболи тазоҳурот алайҳи филме, ки дар он паёмабари ислом ҳазрати Муҳаммад истиҳзо шуда буд, дар шуморе аз кишварҳои исломӣ мардум тазоҳурот карданд. Аз ҷумла, дар ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия, сафири Иёлоти Муттаҳида ва се амрикоии дигар кушта шуданд.