Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаби Қадр аз Худо чӣ хоҳед хост?


Омодагӣ ба шаби Қадр(Акс аз бойгонӣ)
Омодагӣ ба шаби Қадр(Акс аз бойгонӣ)
Шаби 4 август мардуми мусалмони Тоҷикистон аз Лайлатулқадр истиқбол мегиранд.Тибқи эътиқоди мусалмонон, дар шаби 26 ба 27-уми моҳи мубораки Рамазон китоби “Қуръон”-и карим ба паёмбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам нозил шудааст.

Дар ин шаб мардум бо намозу ибодат ва тиловати ояҳои ин китоби муқаддас шабзиндадорӣ мекунанд. Тибқи ояи Қуръони Карим, савоби ибодати ин шаб ба масобаи савоби ниёши ҳазор моҳ мебошад.

Донишмандони ислом мегӯянд, яке аз нишонаҳои қудсияти моҳи Рамазон мавҷудияти Лайлатулқадр, яъне шаби Қадр аст. Ба шарафи Лайлатулқадр дар Қуръони карим сурае ҳам бо номи "Қадр" нозил шудааст.

Пас аз се шабе ки аз Лайлатулқадр мегузарад, мусалмонон вориди иди саиди Фитр хоҳанд шуд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ(муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон рӯзи 2 август дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе эълон кард, ки бо қарори Шӯрои уламо, дар Тоҷикистон иди Фитрро рӯзи 8 август, яъне панҷшанбеи ҳафтаи оянда ҷашн хоҳанд гирифт.

Аксари рӯзадорон шаби Лайлатулқадрро бо дуову ниёиш ва шукргузорӣ саҳар мекунанд ва аз даргоҳи худованд барои худу наздикон суботу оромӣ ва сиҳатмандиву саодат мехоҳанд. Аз чанд раҳгузар дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон пурсидем, ки дар ин шаби Қадр барои худ аз даргоҳи илоҳӣ чӣ хоҳанд хост?


Омодагии мардум ба Лайлатулқадр, шабе ки "Қуръон" нозил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG