Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон дар Қирғизистон


Мақомоти вилояти Ҷалолободи Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд. Ба гуфта мақомоти маҳаллии қирғиз, ин шахс дирӯз, 1 август дар километри 572-уми роҳи Бишкек-Ош боздошт шудааст. Хабаргузории «Канюс» навиштаст, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мошин 4 бастаи селофанӣ, дар дохили он 4 кило героин дарёфт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин мавод мебоист ба Русия интиқол меёфт. Манбаъ нархи миёнаи ин миқдори муходироти дарёфтшударо дар Русия зиёда аз 100 ҳазор доллар арзёбӣ мекунад. Айни ҳол дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247-и кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шуда, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG