Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Бонки Ҷаҳонӣ ба беҳбуди хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон


Шӯрои роҳбарии Бонки Ҷаҳонӣ 19,8 миллион доллар барои Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро, ки ба беҳтар намудани саломатии модару ихтисос дорад, ба тасвиб расонд. Дар ин бора дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба матбуот хабар дод.

Ин лоиҳа 1 миллиону 860 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон фаро мегирад.
Лоиҳаи нав дар доираи гранти иборат аз 15 миллион доллар ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион доллар аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ пешниҳод шудааст, сармоягузорӣ хоҳад шуд. Барои татбиқи ин тарҳ Тоҷикистон низ маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион доллар тахсис хоҳад дод

Ҳадафи тарҳи мазкур беҳбуд бахшидани вазъи кӯмакҳои аввалияи тиббӣ дар навоҳии вилояти Хатлон ва Суғд мебошад.
XS
SM
MD
LG