Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Русия оғоз шуд


Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе барои як боздиди кории дурӯза ба Маскав рафтааст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Русия ҷараёни иҷрои тавофуқоти миёни ин кишвар баррасӣ шавад. Ин тавофуқот моҳи октябри соли гузашта дар рӯзҳои боздиди Владимир Путин -раиси ҷумҳури Русия аз Душанбе имзо шуда буд.

Аз санадҳое, ки моҳи октябри соли гузашта имзо шуда буд, то ҳол Русия санадҳои бидуни боҷи гумрукӣ додани маводи сӯхт ба Тоҷикистон, ба арзиши 200 миллион доллар додани таҷҳизоту техникаи низомӣ ба артиши Тоҷикистон дар ивази ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва таъйини мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб нарасондааст.

Вале қарордод дар бораи пойгоҳи низомиро ба тасвиб расонд ва онро Путин ҳам имзо кард. Вале Тоҷикистон ин санадро ҳам ба тасвиб нарасондааст ва онро бо тасвиби мувофиқатномаҳои дигар дар Русия иртибот медиҳад.

Ин боздид дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи ноябр дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG