Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҳайати Амрико дар музокироти Ховари Миёна муаррифӣ шуд


Ҷон Керрӣ бо Мартин Индик
Ҷон Керрӣ бо Мартин Индик
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико Мартин Индик-сафири пешини Амрико дар Исроилро раҳбари ҳайати Амрико дар музокироти Исроилу Фаластин муаррифӣ кард. Ин музокирот дар Вашингтон баргузор мешавад.

Рӯзи душанбе зимни суханони худ ба рӯзноманигорон Индик гуфт, ки вазифаи вай “ром кардан ва ба фурӯтанӣ” водор кардан аст. Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки қарор буд Тсипӣ Ливнӣ-вазири адлияи Исроил ва Соиб Эрекот-раҳбари ҳайати музокироти Фаластин дар ифтор меҳмони Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мешуданд.

Музокирот рӯзи сешанбе давом мекунад ва дар он ҳамаи аъзои ҳайати музокирот ширкат хоҳанд ҷуст.
XS
SM
MD
LG