Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи автобус дар Италия 37 нафар ҷон бохтанд


Дар ҷануби Италия бар асари садамаи автобус дасти кам 37 нафар ҷон бохтанд. Наҷотбахшон 11 нафарро аз автобус зинда берун карда ва ба бемористон интиқол доданд.

Садама шоми якшанбе дар канори деҳаи Авеллино, воқеъ дар 160 километрии ҷануби Рум, ба вуқӯъ пайваст. Автобус ба чанд мошин бархӯрд ва сипас аз баландии тақрибан 30 метр ба ҷарӣ сарозер шуд. Ба иттилои пешакӣ, ронанда идораи автобусро аз даст додааст. Дар ин ҳодиса худи ӯ ҳам ба ҳалокат расидааст.

Дар автобус, ки сӯи шаҳри Неапол ҳаракат мекард, тақрибан 50 мусофир аз як сафар ба ҷойҳои муқаддаси ҷануби Италия бармегаштанд.
XS
SM
MD
LG