Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Миср аз ваколатҳои нав бархурдор шуд


Ҳозем Баблавӣ, нахуствазири Миср, баъд аз ду рӯзи бенизомиҳо дар кишвар аз ваколати нав бархурдор шуд – акнун ӯ ҳақ дорад, ки ба низомиён барои ҳабси шаҳрвандони дар таҳрики хушунат гумонбаршуда иҷоза диҳад. Дар ин бора рӯзи якшанбе раисиҷумҳури муваққати Миср Адлӣ Мансур амр содир намуд. Ин санад ба Баблавӣ ҳамчунин иҷоза медиҳад, ки қарорҳои додгоҳи изтирории низомӣ оид ба амнияти миллӣ, ба истиснои парвандаҳои марбут ба қатлро, бекор кунад.

Ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ изҳор намуданд, ки намоишҳои эътирозиро идома хоҳанд дод. Ба иттилои расмӣ, рӯзи шанбе бар асари бархӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифони Мурсӣ дар шаҳрҳои гуногуни Миср беш аз 70 нафар ба ҳалокат расиданд. Боз ду нафари дигар дар ҳамин гуна бархӯрдҳо рӯзи якшанбе ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG