Ҳизби ҳокими пешини Покистон эълон кардааст, ки дар интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳурӣ ширкат нахоҳад кард ва ин интихоботро байкот мекунад. Ризо Раббонӣ-узви сенат ва номзади мухолифон аз Ҳизби Мардумии Покистон рӯзи ҷумъа гуфт, сабаби бакот кардани интихобот ин будааст, ки санаи баргузории интихоботро бидуни машварат як ҳафта пеш овардаанд.
Рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи Олии Покистон дастур содир кард, ки тибқи он интихобот на 6 август, балки 30 июл баргузор мешавад. Раббонӣ гуфт, Додгоҳи Олӣ ба онҳо имкон надодааст, ки дар ин маврид назари худро баён кунанд ва тасмим якҷониба гирифта шудааст.
Дар Покистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар порламонҳо ё масҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ худро дар интихобот номзад намекунад, зеро намояндагони ҳизби вай дар порламон ақалиятро ташкил медиҳанд ва вай барои пирузӣ шонс надорад.