Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар дар Страсбург баъди баррасии парвандаи аввали раҳбарони ширкати нафтии ЮКОС Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев бори дигар аз эъломи парвандаи сиёсӣ доштани он сарпечӣ кард. Ду сол пеш ҳам ин додгоҳ аз эътирофи сиёсӣ будани парванда худдорӣ намуда ва аммо ба нақз шудани ҳуқуқҳои Михаил Ходорковский ва Михаил Лебедев таъкид карда буд.
Дар қарори ахири додгоҳ гуфта шудааст, ки ҳангоми бозрасии парванда ҳуқуқҳои Ходорковский ва Лебедев поймол шуданд ва на дар маҳалли зист, балки дар вилояти Чита ва минтақаи Ямалу Ненетс зиндонӣ кардани онҳо ғайри қобили қабул аст. Додгоҳ ҳамчунин ба натиҷае расид, ки ба вакилони дифои Ходорковский барои шикоят бурдан ба Додгоҳи аврупоӣ фишор овардаанд ва аз Маскав талаб кард, ки ба онҳо ба маблағи 10 ҳазор евро ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев, ки дар сарпечӣ аз пардохти андоз ва яғмои нафти ширкати “ЮКОС” айбдор шудаанд, аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбасанд ва бояд соли оянда чаҳордевори зиндонро тарк намоянд.