Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Силай расман дар фасоду худсарӣ айбдор шуд


Дар Чин сиёсатмадори замоне маъруф Бо Силай дар фасод ва сӯиистифода аз мақом айбдор шуд. Рӯзи панҷшанбе додситонӣ парвандаи ӯро ба додгоҳи шаҳри Тсинан ирсол кард ва мурофиаи додгоҳӣ ба зудӣ шурӯъ мешавад. Дар ҳуҷҷатҳое, ки аз сӯи мақомоти тафтишот ироа шудааст, ба “хисороти ҷиддӣ ба манфиати давлат ва шаҳрвандони Чин аз аъмоли ҷинояткоронаи Бо Силай” таъкид шудааст.

Бо Силай чанд сол раиси кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Чунтсинг ва вакили парлуомни Чин буд. Аввалин ҳадсу гумонҳо дар бораи даст доштани ӯ дар фасод каме бештар аз як сол қабл пайдо шуданд. Парвандаи Бо Силай аз пурсарусадотарин моҷароҳои сиёсӣ дар кишвар дар солҳои ахир аст.
XS
SM
MD
LG