Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонси омор: "Арқому оморе, ки пешниҳод мекунем, воқеӣ аст"


Куммиссиюни иқтисодии СММ фаъолияти Оҷонсии омори Тоҷикистонро баррасӣ карда ва ба он баҳои мусбат додааст. Бахтия Муҳаммадиева, раиси Ожонси омори Тоҷикистон рӯзи 25 июл ба хабарнигорон гуфт, ки "арзёбии куммиссиюни иқтисодии СММ дар пайи дархости мо барои аудити Оҷонсии омор сурат гирифт ва ин кумиссиюн аз сатҳи ноҳия то ҷумҳурӣ фаъолияти моро мавриди санҷиш қарор дод."

Ба таъкиди Муҳаммадиева, дар пайи ин аудит Свен Алкалай, дабири иҷроияи Куммиссиюни иқтисодии СММ унвонии президенти Тоҷикистон нома фиристод ва мушаххас шуд, ки фаъолияти Ожонси омор дар муддати 20 соли ахир беҳбуд ёфта ва арқому оморе, ки ин ниҳоди давлатӣ пешниҳод мекунад, воқеӣ аст.

Вай гуфт, сабаби аслии иқдом барои арзёбии фаъолияти Ожонси омор ин буд, ки дар бештари маворид шунида мешуд, ки омори ин ниҳод воқеӣ нест ва он мавриди шубҳа қарор мегирифт. Аммо Бахтия Муҳаммадиева ин иддаоро рад карда таъкид кард, ки Ожонси омор ҳамеша ба факту рақамҳои воқеӣ ва дақиқ такя мекунад.
XS
SM
MD
LG