Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ба интихобот омода мешавад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) бо назардошти наздик шудани марҳилаи корзори интиботи президентӣ, дар бахшҳои ноҳиявӣ ва вилоятии худ нишастҳои омӯзиширо оғоз кардааст. Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ рӯзи 25-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан нишастҳои омӯзишӣ дар вилояти Суғд идома идома дорад.

Оқои Ҳайит афзуд: «Мо мехоҳем, ки аъзои ҳизб аз ҳоло амали ҳуқуқӣ ва сиёсии худро дар ҷараёни ширкат дар корзори интихобот ба хубӣ дарк кунад ва салоҳияти нозирони интихоботӣ, абзори таблиғотӣ, ахлоқи таблиғгар, шеваҳои таблиғи муосир, вазифаҳои асосии қитъаҳои интихоботӣ, чӣ гуна хонапурӣ кардани варақа аз масъалаҳое мебошанд, ки ба намояндагони ҳизб фаҳмонида шаванд.»

Муҳаммадалии Ҳайит афзуд, ки то баргузории интихобот фурсати кам мондааст ва аллакай давраҳои омӯзиширо дар дафтарҳои ҲНИТ дар Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва дар дигар навоҳӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит, давраҳои омӯзишӣ то 28-уми июл идома хоҳанд кард ва дар доираи омодагӣ ба интихоботи президентӣ, дар назар аст рӯзи шанбеи 27--уми июл дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе давраи дуюми нишасти созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар мавриди «номзади ягона» баргузор карда шавад. Дар ин навбат «хусусиятҳои номзади ягона ва барнома интихоботии номзади ягона» баррасӣ карда хоҳад шуд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад ва ба то кунун ба ҷуз ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳеҷ гуруҳи дигар номзади худро муаррифӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG