Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Миср мардумро ба раҳпаймоӣ даъват кард


Генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ
Генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ
Генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ-вазири дифои Миср аз мардуми кишвар хост, ки бар зидди хушунату терроризм раҳпаймоии сартосарӣ анҷом диҳанд. Сисӣ зимни суханони худ рӯзи чаҳоршанбе аз телевизион аз мардуми Миср хост, ки рӯзи ҷумъа дар ин раҳпаймоӣ ба таври густарда ширкат варзанд.

Баъд аз тазоҳуроти эътирозии саросарӣ бар зидди ҳукумат вазири дифоъ 3 июл масъулияти барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт.
Мурсӣ, ки аз сӯи низомиён боздошт шудааст, ҳоло дар маҳали номаълум қарор дорад. Баъд аз ин барканорӣ нируҳои амниятӣ бо ҷонибдорони Мурсӣ вориди даргирӣ шудаанд. Тақрибан 200 нафар кушта шудаанд.

Сисӣ қавл дод, ки бар асоси нақшаи аслии сиёсӣ кор хоҳад кард ва дар давоми 6 моҳ интихобот баргузор ва бад-ин тариқ роҳ барои ворид овардани ислоҳот дар Қонуни Асосӣ боз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG