Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Комрон Шаҳидовро пайдо кардаанд


Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз ёфт шудани ҷасади Комрон Шаҳидов, сокини 18-солаи деҳаи Чорбоғи Варзоб иттилоъ дод. Наргис Нурова, сухангӯи ин кумита зӯҳри 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи зудамали ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади Комрон Шаҳидовро 500 метр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш пайдо карда, ба наздиконаш супурдааст.
Комрон Шаҳидов соати сеи асри 21 июл ҳангоми оббозӣ дар дар канали деревиатсионии Варзоб ғарқ шуд. Ба хотири пайдо кардани ҷасади ҷавон ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 23 июл интиқоли оби ошомиданӣ дар аксари минтақаҳои пойтахтро қатъ кард. 80 дарсади сокинони Душанбе аз канали деревиатсионии Варзоб об мехӯранд. Идораи обу корезии пойтахт акнун тасмим гирифтааст, то бегоҳи имрӯз интиқоли об ба манзили мардумро аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG