Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни зилзила дар Чин афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларза дар вилояти Гансу, воқеъ дар шимолу ғарби Чин, то 89 нафар афзоиш ёфт. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 600 нафар маҷрӯҳ ва тақрибан 30 ҳазор нафар бехонумон шудаанд. Ба иттилои хабаргузории Синхуа, аз заминларза аз ҳама бештар ҳашт минтақаи аҳолинишин дар ду ноҳия зарар диданд. Тақрибан ду ҳазор бино фурӯ рехта, ба ҳазорҳо биноҳои дигар осеби ҷиддӣ расидааст.

Ба иттилои мақомоти Чин, субҳи рӯзи душанбе дар Гансу замин боз ду бор такон хурд. Бори аввал нерӯи заминларза 6,6 ва дафъаи дуввум – 5,6 дараҷаи Рихтер буд. Аммо Хадамоти заминшиносии ИМА нерӯи заминларзаи аввалро 5,9 дараҷаи Рихтер арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG