Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди чаҳоррӯзаи Ҷо Байден аз Ҳиндустон оғоз ёфт


Ҷо Байден бо хонумаш дар фурудгоҳи Деҳлӣ
Ҷо Байден бо хонумаш дар фурудгоҳи Деҳлӣ
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико барои боздиди чаҳоррӯза вориди Ҳиндустон шуд. Ҳадафи бозид густариши равобити дипломатӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.

Дар давоми се даҳсолаи ахир Ҷо Байден нахустин муовини раиси ҷумҳури Амрикост, ки аз Ҳиндустон боздид мекунад. Интизор меравад, ки вай дар Деҳлӣ бо мақомоти раҳбарии Ҳинд, аз ҷумла бо нахуствазир Манмуҳон Сингҳ дидор ва гуфтугӯ кунад. Сипас вай ба Мумбай меравад ва дар он ҷо роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ суханронӣ мекунад.

Дар мулоқот бо раҳбарони Ҳиндустон Байден монеаҳо дар бахши тиҷорат ва маҳдудиятҳо барои ширкатҳои амрикоӣ дар Ҳиндустонро баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ тиҷорати миёни ду кишвар ба 100 миллиард доллар бирасад.
Дар барномаи боздиди Байден баррасии вазъи Афғонистон низ дар назар аст. Деҳлӣ ба Афғонистон 2 миллиард доллар кӯмак кардааст ва бим дорад, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар поёни соли оянда Толибон дубора мумкин аст фаъол шаванд.
XS
SM
MD
LG