Дар талоше барои эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроил ва Фаластиниён, Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ғайриинтизор ба Канораи Ғарб сафар кардааст. Мақомоти Амрико ва Ташкилоти Худгардони Фаластин гуфтанд, ки Ҷон Керрӣ дар шаҳри Ромуллоҳ бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён мулоқот хоҳад кард. Қабл аз вуруд ба Канораи Ғарб, Ҷон Керрӣ бо Соиб Аракот, музокиракунандаи аршади Фаластиниён, масъалаи эҳёи музокироти сулҳро баррасӣ кардааст. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Уммон пойтахти Ӯрдун, ду тараф дар бораи шартҳои фаластиниён барои азсаргирии музокирот сӯҳбат кардаанд. Бино ба гузоришҳо, фаластиниён талаб доранд, ки Исроил дар таъйини марзҳо барои кишвари ояндаи фаластиниён марзҳои пеш аз соли 1967-ро эътироф кунанд. Аммо Исроил мехоҳад, ки музокироти сулҳ бе ҳеҷ пешшарт аз сар гирифта шавад. Аз моҳи март то кунун Ҷон Керри бори шашум аст, ки ба Ховари Миёна сафар мекунад. Ӯ талош дорад, музокироти сулҳро эҳё намояд, ки бинобар идомаи шаҳраксозии Исроил дар қаламравҳои ишғолӣ дар Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ соли 2010 қатъ шуд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар сӯҳбати телефоние рӯзи панҷшанбе аз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил хостааст, ҳарчӣ зудтар музокироти сулҳро аз сар бигирад.