Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Киров амр дод, Навалнийро озод кунанд


Додрасе дар шаҳри Киров амр додааст, то Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русияро аз зиндон раҳо кунанд. Рӯзе пештар аз ин додгоҳ Алексей Навалнийро бо гуноҳи дуздии маблағҳои ғайр ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Додситонҳои Русия тақозо карда буданд, ки то замони баррасии шикояти Навалний дар додгоҳи болоӣ, ӯро раҳо кунанд. Додраси Киров гуфт, ба он хотир амри раҳоии Навалнийро содир кард, ки ӯ номзад ба мақоми шаҳрдори Маскав аст ва дар боздоштгоҳ буданаш, имконоти ӯро дар баробари дигар номзадҳо маҳдуд мекунад. Алексей Навалнийро баъди амри додрас раҳо карданд, вале ӯ ҳаққи сафар ба хориҷро надорад. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи дигаре дар шаҳри Киров Алексей Навалний ва марди дигареро ба дуздии 500 ҳазор доллар аз ҳисоби як ширкати маҳаллӣ гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард. Навалний дар он замон мушовири шаҳрдори Киров буд. Ҳукми зиндон нисбати Алексей Навалний аз мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Русияро кишварҳои Ғарбӣ дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда башиддат интиқод карданд. Дар худи Русия алайҳи ин ҳукм тазоҳурот сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG