Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ дар Урдун бо паноҳандагони суриягӣ мулоқот кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи панҷшанбе аз қароргоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Урдун дидан кард. Ӯ дар қароргоҳи Заторӣ, воқеъ дар наздикиҳои марзи Сурия, бо панҷ зан ва як марди суриягӣ дидору гуфтугӯ дошт. Дар қароргоҳи Заторӣ тақрибан сад ҳазор фирориёни аз Сурия мустақаранд. Дар ин сафар вазири умури хориҷии Амрикоро ҳамтои урдунияш Носир Ҷудеҳ ҳамроҳӣ мекард.

Фирориён дар мулоқот бо Ҷон Керрӣ хостори аз сӯи ИМА муқаррар кардани минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо дар ҳарими Сурия шуданд, то ки аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукумати Димишқ ҷилавгирӣ шавад. Ӯ дар посух гуфт, ки роҳҳалҳои зиёд баррасӣ мешаванд, аммо ҳалли мушкил осон нест.

Дар Урдун тақрибан 600 ҳазор фирориён аз Сурия ба сар мебаранд. Дар дигар кишварҳои ҳамсояи Сурия – Лубнон ва Туркия низ садҳо ҳазор суриягиҳои аз ҷанг фироркарда панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG