Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 парвандаи хориҷӣ дар Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон


Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон тайи ним соли ахир 6 парвандаи баҳси ширкатҳои хориҷиро ба баррасӣ гирифтааст. Наим Мансуров, раиси Додгоҳи Олии иқтисодӣ зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, далоили асосии ширкатҳои хориҷиву дохилӣ напардохтани маблағ ва ё қатъи якҷонибаи созишнома аст, ки ҷониби дигарро норозӣ кардааст.

Тибқи иттилои Додгоҳи Олӣ, ҳоло ширкати «Венстранстрой»-и шаҳри Маскав аз рӯи ҶСК НОБ – и «Сангтӯда – 1» шикоят бурда, мехоҳад 5 миллиону 673 ҳазор сомонӣ ситонад. Ширкати «Таком-Голд» аз «Синзян-Лтд» барои бекор кардани шартномаи хариду фурӯш шикоят овардааст. Ё «Давлатбелтранс»-и Белорусия соҳибкори инфиродӣ Раҷабовро ба додгоҳ кашидааст, то 2 миллиону 220 ҳазор сомонӣ қарзашро баргардонад. Намояндаи ваколатдори Ҳасан Асадуллоҳзода алайҳи Ю. Шербаков, шаҳрванди Қирғизистон ва ҳамҷавобгар «Таком Голд» дар бораи бекор кардани протоколи ҳамкориҳо шикоят бурдааст.

Наим Мансуров мегӯяд, аксари парвандаҳо дар зинаҳои поёнӣ судҳои иқтисодии шаҳру ноҳия баррасӣ мешаванд ва тафсилоти онҳо ба Додгоҳи Олӣ маълум нест. Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 8 парвандаи хориҷӣ баррасӣ шудааст, ки 4 адади он ба нимсолаи аввал рост меомад.
XS
SM
MD
LG