Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден дархости паноҳандагӣ аз Русияро шарҳ дод


Эдвард Сноуден, собиқ корманди қарордодии Оҷонси амнияти милли ИМА, дархости худ барои дарёфти паноҳандагии муваққат дар Русияро бо таҳдид ба ҷонаш марбут кардааст. Узви Палатаи ҷамъиятии Русия Анатолий Кучерена дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Русия-24” аризаи Сноуденро шарҳ дода гуфт, “ӯ аз сӯи ҳукумати Амрико таъқиб мешавад ва навиштааст, ки хатар ба ҳаёти худу амнияти худро эҳсос мекунад ва аз шиканҷа шудану ҳукми эъдом метарсад”.

Раиси дафтари Amnesty International дар Маскав Сергей Никитин изҳори умедворӣ намуд, ки Маскав ба Сноуден паноҳгоҳ медиҳад. Ӯ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки “ба ҳеҷ ваҷҳ набояд Сноуден ба Амрико истирдод шавад”.

Рӯзи сешанбе Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тайид кард, ки аризаи Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳгоҳи муваққат дар кишварро дастрас кардааст. Паноҳгоҳи муваққат барои як сол дода мешавад ва дар сурати зарурат онро тамдид мекунанд.

Мақомоти ИМА Сноуденро дар фошсозии иттилои маҳрамона айбдор мекунанд ва хостори истирдоди ӯ шудаанд. Ӯ аз 23 июн ба ин сӯ, баъди парвоз аз Ҳонгконг, дар бахши тронзитии фурудгоҳи “Шереметиево”-и Маскав ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG