Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷрим дар истирдоди хонаводаи Аблиёзов ба истеъфо рафт


Ҳукумати Италия хабар дод, ки Ҷузеппе Прокаччини, раиси ситоди вазорати умури дохилии Италия айби худ дар истирдоди ғайриқонунии ҳамсар ва духтари Мухтор Аблиёзов, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистонро эътироф кард ва ба истеъфо рафт. Дар изҳороти расмӣ гуфта шудааст, ки Прокаччини дар бораи тасмими истирдоди Алма Шалабаева, ҳамсари Мухтор Аблиёзов ва духтари хурдсоли ӯ Алия ба вазири умури дохилӣ Анҷело Алфано иттилоъ надодааст.

Алма Шалабаева ва духтараш рӯзи 28 май дар як амалиёти кормандони полиси Италия дар канори шаҳри Рум дастгир ва баъд аз се рӯз ба Қазоқистон истирдод шуданд.

Рӯзи 12 июл мақомоти Италия иқрор карда буданд, ки истирдод иштибоҳӣ сурат гирифтааст ва аз ин рӯ лағв шудааст. Аммо вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар посух эълом дошт, ки ҳангоми истирдод ягон қонуншиканӣ рӯй надодааст. Ҳамсари Мухтор Аблиёзов, ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, барои он боздошт ва истирдод шудааст, ки дар Италия бо шиносномаи тақаллубии шаҳрванди ҷумҳурии Африқои Марказӣ иқомат мекард.

Айни ҳол Алма Шалабаева ва духтараш Алия дар Алмаато ба сар мебаранд ва бо дастури мақомот, ҳаққи тарки шаҳрро надоранд. Ёдовар мешавем, пайвандони онҳо истирдод аз Румро "муносибати бераҳмонаву шабеҳи одамрабоӣ" ва “талоши дигаре барои берун кардани Мухтор Аблиёзов, қавитарин рақиби раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз лонаи пинҳонаш” арзёбӣ карда буданд.

Бритониё ба Мухтор Аблиёзов, собиқ раиси бонк ва вазири энерҷии Қазоқистон, паноҳгоҳи сиёсӣ додааст.
XS
SM
MD
LG