Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷрими 90-сола ба 90 соли маҳбас маҳкум шуд


Эътирози ҷонибдорони Ғулом Аъзам
Эътирози ҷонибдорони Ғулом Аъзам
Додгоҳи Бангладеш раҳбари пешини ҳизби “Ҷамоати исломи”-ро дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг барои истиқлол аз Покистон дар соли 1971 айбдор кард. Рӯзи душанбе, 15 июл, Ғулом Аъзами 90-сола ба 90 соли маҳбас маҳкум шуд. Додситонӣ барои ӯ ҳукми эъдом талаб карда буд.

Ғулом Аъзам аз рӯи панҷ далел, аз ҷумла, ташкили куштори оммавӣ ва таҷовуз ба номус айбдор шудааст. Ҳукм аз сӯи додгоҳи вижаи низомӣ, ки барои тафтиши далелҳои ҳамкорӣ бо Покистон замони ҷанг барои истиқлол таъсис шудаст, ироа гардид. Қабл аз эълони ҳукм дар пойтахт - Дакка ва дигар шаҳрҳои Бангладеш намоишҳои эътирозии ҷонибдорони Ғулом Аъзам баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG