Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Киркуки Ироқ 40 нафар кушта шудаанд


Мақомоти интизомӣ дар маҳали инфиҷор
Мақомоти интизомӣ дар маҳали инфиҷор
Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар ҳамлаи як бамгузори интиҳорӣ дар шаҳри Киркук 40 нафар кушта, 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса дар яке аз қаҳвахонаҳои пуродами Киркук рух дод.

Масъули ин бамгузорӣ маълум нашудааст. Вале дар гузаштаҳо барои чунин бамгузориҳо тундравҳои суннӣ, ки бо Ал Қоида иртибот доранд, муттаҳам мешуданд.

Бар асоси маълумоти СММ, дар ҳамлаҳое, ки байни пайравони шиа ва суннӣ ангезаҳои мазҳабӣ доранд, соли ҷорӣ ҳазорон нафар кушта шудаанд. 760 нафари онҳо дар моҳи июн ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG